Китоби нави фалсафии дипломату олими тоҷик ба табъ расид

20.08.2022 22:01

Китоби нави фалсафии дипломату олими тоҷик ба табъ расид

Дар нашриёти душанбегии «Контраст» ба забони русӣ китоби фалсафии доктори улуми таърих, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода 
таҳти унвони «Бегонашавии иҷтимоӣ — фароянди адами  озодии башарӣ: нигоҳ аз мавқеи мантиқи диалектикӣ» чоп шуд.


Муаллиф дар ин асари  илмӣ-фалсафияш категорияи(мафҳуми) «бегонашавии иҷтимоӣ»-ро ҳамчун фароянду падидаи адами озодии инсонӣ ва раванди таърихии бартарафгардии  бегонашавиро хамчун ҳаракат ба сӯйи ноилшавӣ ба  озодии комили инсону ҷомеа мавриди таҳлил қарор  додааст.

Бор аввал дар илми фалсафии ҷаҳонӣ мафҳумҳои «озодӣ» ва «бегонашавӣ» аз ҷониби муаллиф чун мафҳумҳои ҷуфт (муқобили ҳамдигар) баррасию маънидод  мешаванд.

kitob-1.jpg

kitob-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg