Мулоқоти муфид бо ёвари Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Доғистон дар Урали Миёна
15 августи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ёвари Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Доғистон дар вилояти Свердловск Камолиддин Расулов мулоқот намуд.
Дар шаҳри Махачқалъа ба забони тоҷикӣ чоп шудани китоби муфтии Доғистон Шайх Аҳмад пир ибни Муҳаммад Абдуллоҳ ба забони тоҷикӣ таҳти унвони «Боғи ахлоқи накукорон», ки чанд нусхаи он ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадя гардид, барои сурат гирифтани ин мулоқот як ангезаи неке гашт.
Китоби муфтӣ ва мутафаккири Доғистон ба масъалаҳои эҳё ва таҳкими ахлоқи ҷомеаи инсонӣ, такмили тарбияи ахлоқии ҷавонон бахшида шудааст. Онро Саидбек Маҳмадуллоеви тоҷикистонӣ аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Консули генералӣ дар ҷараёни гуфтугӯ ба низоми муосири арзишҳои маънавию ахлоқии Россия баҳои баланд дод.
Мусоҳибон ба масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои диаспораҳои тоҷикистонию доғистонӣ дар вилояти Свердловск, роҳандозии табодули таҷриба миёни онҳо дар бахшҳои тарбияи ахлоқии насли наврас, беҳсозию солимгардонии муносибатҳои байнимиллӣ ва байнидинӣ дар ҷомеаи россиягӣ, муқовимат ба зуҳуроти ифротгароии сиёсӣ, аз ҷумла дар лифофаи динии он, дахл намуданд.
Зимнан зикр гардид, ки Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия қодир ба он аст, ки дар арсаи густариши ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия аз бисёр ҷиҳат яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намояд. Камолиддин Расулов дар ин қарина изҳор дошт, ки ташрифи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Ҷумҳурии Доғистон ба ин раванди матлуб такони ҷиддӣ дода метавонад.