Муаррифии шоистаи фарҳанги тоҷик дар намоишгоҳ-ярмаркаи шаҳри Ирбити вилояти Свердловск

13.08.2022 12:25

Муаррифии шоистаи фарҳанги тоҷик дар намоишгоҳ-ярмаркаи шаҳри Ирбити вилояти Свердловск

13 августи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ба хотири муаррифии суннатҳо ва фарҳанги чойнӯшии тоҷикон дар доираи татбиқи Барномаи сайёҳии вилояти Свердловск таҳти унвони «Кӯчаи чой» дар намоишгоҳ--ярмаркаи 20-умини байниминтақавии «Ярмаркаи Ирбит» 
иштирок намуд ва дар гӯшаи тоҷикистонии он бо Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев оид баъзе масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии муфиди байниминтақавӣ дар суҳбати кӯтоҳе ба мувофиқаҳои мушаххас расид.

"Ярмаркаи Ирбит" яке аз қадимтарин ярмаркаҳои Россия маҳсуб ёфта, аз соли 1643 инҷониб баргузор мешавад.

Тайи 17 соли пас аз эҳёи худ ин ярмаркаи маҳаллии номӣ мақоми намоишгоҳи байниминтақавиро соҳиб гаштааст.

Дар доираи ярмарка чорабиниҳои ҷолиб оид ба ҳифз ва густариши анъанаҳои миллӣ--фарҳангии  мардумони сокини вилояти Свердловск баргузор мешаванд.Дар барномаи фарҳангии "Ярмаркаи Ирбит" консертҳо бо иштироки дастаҳои эҷодии миллӣ, ки аз суруду рақсҳои мардумӣ иборат буда, мозаикаи санъатии рангинро ба маърази намоиш мегузоранд, дар назаранд.

Ороиши ҳақиқии "Ярмарка Ирбит" фестивали «Шаҳри устодон» мебошад, ки  устодони ҳунарҳои гуногуни мардумиро  аз бисёр минтақаҳои Россия дар шаҳри Ирбити вилояти Свердловск ҷамъ меоварад.

13 августи соли равон дар ташкилу таъмини фаъолияти  гӯшаи фарҳанги тоҷикистонии  ярмаркаи Ирбит муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, аъзои ин Шӯро Яздон Шарифов ва Рӯзӣ Рӯзиев, соҳибкори муваффақи маҳаллӣ--зодаи Тоҷикистон Зуҳал Муродов, нависанда- публитсисти тоҷик Расул Раҳимиён, мутрибу сарояндаи соҳибистеъдоди тоҷик Икром Ҳомидзода ва дигар намояндагони ҷамъияти тоҷикони муқими минтақаи Урал  саҳми арзанда гирифтанд.

choi-1.jpg

choi-2222.jpg

choi-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg