Иштирок дар ифтитоҳи мусобиқаи футболи дастаҳои ҷавонон дар шаҳри Екатеринбург
14 августи соли 2022 - бо даъвати ҳамтои ӯзбекистонии худ Абдусалом Ҳотамов - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи футболи дастаҳои ҷавонон дар шаҳри Екатеринбург иштироку суханронии шодбошӣ намуд.
Ин мусобиқа дар варзишгоҳи «Локомотив»-и пойтахти уралӣ бо ибтикори дастаи футболбозони ҷавони маҳаллии «Пахтакор — Екатеринбург» баргузор шуд.
Мусобиқаи футбол бахшида ба хотираи неки тими футболбозони маъруфи Ӯзбекистони шӯравӣ «Пахтакор – Тошканд», ки 11 августи соли 1979 бар асари суқути ҳавопаймо фоҷиабор ҳалок шуд, доир гардид.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи футбол корманди масъули Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Иванов ширкат дошт.
Дар чорабинӣ Муовини Раиси шаҳри Екатеринбург, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Екатеринбург Марина Фадеева, консулҳои генералии Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қирғизистон дар шаҳри Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов, Шуҳрат Мустафоев, Руслан Бийбосунов, шахсони масъул аз ташкилоту сохторҳои шаҳри Екатеринбург иштироку суханронӣ карданд.
Дар мусобиқаи футбол тими ҷавонони зодаи Тоҷикистон бо номи «Истиқлол - Екатеринбург» қувваозмоӣ намуд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти ҳар як узви тими футболи "Истиқлол - Екатеринбург"-ро фишурда, ба онҳо таманно кард, ки дар мусобиқа бо бозии хуб ва одоби намунавӣ дар майдони бозии футбол ба пирӯзиҳо ноил шаванд.