Мулоқот бо Муовини Раиси шаҳри Екатеринбург

12.08.2022 12:08

Мулоқот бо Муовини Раиси шаҳри Екатеринбург

12 августи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо Муовини Раиси шаҳри Екатеринбург ва роҳбари дастгоҳаш Марина Фадеева мулоқот намуд.

Дар суҳбати пурмуҳтаво, ки дар фазои дӯстию ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт, сардори Раёсати  робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии  Маъмурияти шаҳри Екатеринбург Анастасия Колпащикова иштирок кард.

Мусоҳибон масъалаҳои вазъ ва дурнамои наздики ҳамкориҳояшонро бомароқ баррасӣ намуданд.Дар ин қарина Консули генералӣ бо ибтикори мири пойтахти уралӣ таъсис ёфтани Шӯрои намояндагони давлатҳои хориҷиро дар назди Раиси шаҳри Екатеринбург ба таври мусбат арзёбӣ намуд. Дар робита мавзӯъҳои эҳтимолии ҷаласаи дуюми Шӯрои намояндагони кишварҳои хориҷӣ мавриди мубодилаи афкор қарор гирифтанд.Дипломати тоҷик зарурати бақайдгирию ҳалли мушкилотеро, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар пойтахти уралӣ ба он баъзан дучор меоянд, ва роҳандозию густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангии ш.Екатеринбургро бо шаҳрҳои шарики хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Тоҷикистон, таъкид сохт.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватномаро (онро ба ӯ шахсан Марина Фадеева супорид) барои иштирок дар чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии шаҳри Екатеринбург, ки 20 августи соли 2022 баргузор мегарданд, бо арзи сипос истиқбол намуд.

jon-gub-3.jpg

jon-gub-2.jpg

jon-guber-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg