Музокироти муҳим дар бинои Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Россия дар ш. Екатеринбург
11 августи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар музокиротхонаи бинои Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Екатеринбург бо сардори Раёсати гумруки Урал Алексей Фролов мулоқот намуд.
Дар ин мулоқот иҷрокунандаи муваққатии вазифаи намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Елена Зыкова, сардори гумруки "Колтсово" ба номи В.Сорокин Анатолий Тимощенков, котиби сеюми Намояндагии Вазорати корҳои Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Иванов фаъолона иштирок намуданд.
Музокирот асосан ба масъалаҳои марбут ба ҳолати иҷроиши тавофуқоти 6 апрели соли 2022, ки дар натиҷаи Мулоқоти корӣ дар шакли видеоконфронс миёни намояндагони роҳбарикунандаи мақомоту сохторҳои минтақавии Урали Миёна ва россиягии федералӣ бо роҳбарону намояндагони воломақоми вазорату идораҳо, вилоятҳо ва доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст, бахшида шуда буд.
Дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия дар Мулоқот--Ҷаласаи номбурдаи онлайнии моҳи апрели соли ҷорӣ, тавре аз тариқи матбуот хабар дода шуда буд, масъалаҳои марбут ба роҳу василаҳои ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додани ҳаҷми интиқоли меваю сабзавоти Тоҷикистон ба вилояти Свердловск дар соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд. Дар ин қарина таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба мавзӯъҳое, аз қабили зарурати таъсиси манобеи расмии иттилоъ дар бораи нархҳои содиротии меваю сабзавоти Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии мавзеъгирии тарафҳо дар мавриди ташаккули арзиши гумрукии ин навъи маҳсулоти воридотӣ, истифода бурдани имконоти нави мусоид дар заминаи соддагардонии расмиёти россиягии гумрукӣ, равона гардида буд.
Аммо, тавре дар мулоқоти дипломати тоҷик ва сардори Раёсати гумруки Урал бо таассуф зикр гардид, дар нимаи аввали соли 2022 ҳаҷми воқеии интиқоли меваю сабзавоти Тоҷикистон тавассути нуқтаҳои гумрукии Урал ҳамагӣ 906 тоннаро ташкил дод, ки ин аз ба андозаи ду баробар коҳиш ёфтани вазни меваю сабзавоти воридотӣ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, дарак медиҳад. Дар ин робита Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки маълумотро дар бораи вазъи кунунии ғайриқаноатбахш дар ин арсаи ҳамкорӣ ба таваҷҷуҳи роҳбарияти Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни таъхир мерасонад.
Зимни суҳбат зикр гардид, ки дар 7 моҳи соли 2022 ҳаҷми мусофиркашонии ҳавопаймоӣ миёни Тоҷикистон ва вилояти Свердловск се баробар афзудааст.Аммо дар ин пасманзар, тавре сардори гумруки "Колтсово" Анатолий Тимощенков қайд кард, дар нимсолаи аввали соли равон дар гузаргоҳҳои байналмилалии авиатсионӣ ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун аз ҷониби мусофирон--шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар шакли декларатсия накардани пулу асъори аз меъёр барзиёд интиқолшаванда якбора афзоиш ёфтааст. Дар ин иртибот ҷонибҳо чораҳои имконпазири муштаракро оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар гузаргоҳҳои байналмиллалии авиатсионӣ аз ҷониби мусофирон--шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Тоҷикистон ба минтақаи Урал меоянд ва аз ин минтақа ба Ватанашон аз тариқи тайёраҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ бармегарданд, баррасӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстонаю созанда сурат гирифт.