Мулоқот бо роҳбари Хонаи мардумони Урал
9 августи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо раиси раёсати Ассотсиатсияи созмонҳои миллӣ-фарҳангии (Хонаи мардумони Урал)-и вилояти Свердловск, раиси Шӯрои ташкилоти ҷамъиятии минтақавии вилояти Свердловск "Ҷамъияти фарҳанги тоҷик «Сомон»" Фаррух Мирзоев мулоқот намуд.
Дар ҷараёни суҳбати дӯстонаи пурмуҳтаво дипломати тоҷик ва ходими шинохтаи ҷамъиятӣ натиҷаҳои асосии ҳамкориашонро дар дуюним соли охир ҷамъбасту арзёбӣ намуда, омодагии худро барои рушди минбаъдаи он изҳор доштанд, самтҳо ва шаклҳои асосиашро то охири соли равон баррасию муайян карданд.Яке аз онҳо кори муштараки ҷонибҳо ба хотири афзун намудани саҳми созандаи ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Урал дар рушду таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ, беҳсозии минбаъдаи муносибатҳои байнимиллӣ дар минтақаи Урал дониста шуданд.