Мулоқот бо ходими савобкору  шоистаи ҷамъияти тоҷикони муқими минтақаи Урали Миёна

05.08.2022 01:30

Мулоқот бо ходими савобкору  шоистаи ҷамъияти тоҷикони муқими минтақаи Урали Миёна

4 августи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо соҳибкори маҳаллии муваффақи инфиродӣ, намояндаи фаъол, шоиста ва собиқадори ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбург Сафар Шарифзода Талбаков самимона мулоқот кард.

Дипломати тоҷик Сафар Талбаковро барои ҳамкориҳои чандсолаи хубаш, аз ҷумла дар замони сангини хурӯҷи ҳамагири "Ковид--19", бо муассисаи консулӣ ба хотири рушди солим, саодату амонии  ҷамъияти тоҷикистониёни муқими минтақаи Урал, амалӣ намудани фаъолияти башардӯстонаю хайриявӣ миёни ҳамватанон  бо Ифтихорномаи Консулгарӣ сарфароз гардонида, китоби дар ҳаммуаллифӣ иншокардаи хешро таҳти унвони "Таърихи Россия дар шакли мухтасар" ҳадя намуд.

Сафар Талбаков изҳори омодагӣ ба он намуд, ки дар чаҳорчӯбаи кори Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург фаъолияти судманди ҷамъиятии худро бештару беҳтар густариш хоҳад дод.

7776ce92-3e9f-42a3-97df-9b5f9e496b7d.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg