Суҳбати муфид бо ҳамватанон--ходимони бонкии ш. Екатеринбург
3 августи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари бахши рушди соҳибкории Бонки таҷдид ва рушди Урал Беҳрӯз Исоев ва мудири бахши рушди фурӯшҳои мустақими ин бонк Темур Раҳматов мулоқот анҷом дод.
Намояндагони саршиноси Бонки таҷдид ва рушди Урал дар суҳбат бо дипломати тоҷик ба густариши ҳамкориҳо дар якчанд самтҳои мубрам изҳори манфиатдорию ҳавасмандӣ карданд.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз Бонки таҷдид ва рушди Урал яке аз калонтарин бонкҳои минтақаи Урал буда, метавонад лоиҳаҳои пуштибонии молиявии соҳибкорони маҳаллӣ--зодагони Тоҷикистонро амалӣ созад.
Самти дигари эҳтимолии ҳамкорӣ бар асоси ройгон баргузор намудани барномаҳои таълимӣ, машваратҳо ва дарсҳои маҳорат барои муҳоҷирони меҳнатии маҳаллӣ аз Тоҷикистон оид ба саводнокии молиявӣ буда метавонад.
Бонк инчунин омода аст - дар баъзе мавридҳо - ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар амалӣ намудани корҳои хайриявию башардӯстона миёни ҳамватанон мадад расонад.
Дар ҷараёни суҳбат аз Консули генералӣ хоҳиш карда шуд, ки пешниҳоди бисёрҷанбаро оид ба роҳандозии ҳамкории муфиди бонк ва худи муассисаи консулӣ баррасӣ намояд.
Консули генералӣ ба Беҳрӯз Исоев ва Темур Раҳматов пешниҳод намуд, ки дар яке аз ҷаласаҳои навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург оид ба мавзӯъҳои баррасишуда ва дигар масъалаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар назди аъзои он ибрози назару таклифҳо кунанд.

