Мулоқот бо нависанда – ходими фаъоли диаспораи тоҷикони муқими ш.Екатеринбург
2 августи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ходими фаъоли диаспораи тоҷикони муқими вилояти Свердловск, рӯзноманигор ва нависандаи сермаҳсул Расул Додхоҳи Раҳимиён мулоқот намуд.
Дар суҳбат муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров иштирок дошт.
Расул Додхоҳи Раҳимиён барои пешбурди ҳамкории фаъолаш бо Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар бахшҳои маънавию фарҳангӣ ва иттилоотии фаъолияти ин рукни ҷамъиятӣ изҳори омодагӣ намуд.
Ҳамчун як қадами аввал дар арсаи раванди муаррифӣ ва таблиғи муштараки арзишҳои волои фарҳангӣ ва дастовардҳои назарраси фарҳангии мардуми тоҷик дар минтақаи Урал, мусоҳибон паҳлуҳои гуногуни корҳои тадорукотиро оид ба муаррифии суннатҳо ва фарҳанги чойнӯшии тоҷикон дар доираи татбиқи Барномаи сайёҳии вилояти Свердловск таҳти унвони «Кӯчаи чой» дар намоишгоҳ--ярмаркаи 20-умини байниминтақавии «Ярмаркаи Ирбит», ки 12-13 августи соли 2022 баргузор мегардад, баррасӣ карданд.
"Ярмаркаи Ирбит" яке аз қадимтарин ярмаркаҳои Россия маҳсуб ёфта, аз соли 1643 инҷониб баргузор мешавад.
Тайи 17 соли пас аз эҳёи худ ин ярмаркаи маҳаллии номӣ мақоми намоишгоҳи байниминтақавиро соҳиб гаштааст.
Дар доираи ярмарка чорабиниҳои ҷолиб оид ба ҳифз ва густариши анъанаҳои миллӣ--фарҳангии мардумони сокини вилояти Свердловск баргузор мешаванд.Дар барномаи фарҳангии "Ярмаркаи Ирбит" консертҳо бо иштироки дастаҳои эҷодии миллӣ, ки аз суруду рақсҳои мардумӣ иборат буда, мозаикаи санъатии рангинро ба маърази намоиш мегузоранд, дар назаранд.
Ороиши ҳақиқии "Ярмарка Ирбит" фестивали «Шаҳри устодон» мебошад, ки устодони ҳунарҳои гуногуни мардумиро аз бисёр минтақаҳои Россия дар шаҳри Ирбити вилояти Свердловск ҷамъ меоварад.
Имсол дар чорабиниҳои ярмарка Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода иштирок хоҳад намуд.