Суҳбат бо муовини раиси Гилдияи эҷодии Авруосиё
25 июли соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовини раиси Гилдияи эҷодии Авруосиё Марат Аҳмадҷонов мулоқот намуд.
Дар мулоқот ба дипломати тоҷик дар бораи таърих, ҳадафҳо, вазифаҳои ин созмони шинохтаи ҷамъиятӣ, натиҷаҳои фаъолияти он дар солҳои охир маълумоти муфассал дода шуд.
Гилдияи эҷодии Авруосиё созмони ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ буда, соли 2015 дар шаҳри Лондон бо мақсади муттаҳид сохтани аҳли эҷодкори минтақаи Авруосиё, рушду пешбарии ходимони фарҳангу санъат дар фазои байналмилалӣ таъсис ёфтааст.Яке аз ҳадафҳои аслии ин созмони ҷамъиятӣ баргузории чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон маҳсуб меёбад.
26 июли соли 2022 дар фазои тантанавӣ маросими имзои санадҳои таъсисӣ аз ҷониби аъзои Шӯрои муассисони Гилдияи эҷодии АвруОсиё дар Россия бо дафтари корӣ дар шаҳри Екатеринбург баргузор мешавад.Вазифаи асосии намояндагии екатеринбургӣ таҳия ва пуштибонӣ намудани кластерҳои мухталифи индустрияи эҷодӣ дар Россия ва кишварҳои дигари ИДМ, рушди робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ ва иқтисодӣ мебошад.
Консули генералӣ ва Марат Аҳмадҷонов зимни суҳбат шаклу ҷодаҳои имконпазири роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳои судмандро ба таври муфассал мавриди гуфтугӯю баррасӣ қарор доданд.

