Иштирок дар маросими ифтитоҳи масҷид дар ҳудуди маҳбасхонаи шаҳри Нижний Тагил

25.07.2022 00:27

Иштирок дар маросими ифтитоҳи масҷид дар ҳудуди маҳбасхонаи шаҳри Нижний Тагил

21 июли соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ба шаҳри Нижний Тагил сафар карда, дар он ҷо бо сардори Муассисаи давлатии федералии «Колонияи ислоҳӣ-12» полковник Алексей Павлов, муовини прокурори ш.Нижний Тагил оид ба назорати  риояи қонунҳо дар колонияҳои ислоҳӣ Марат Зокиров мулоқот намуд ва дар ҷараёни мулоқот бо онҳо масъалаҳои ҳамкории судмандро оид ба масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибайн мавриди баррасӣ қарор дод.

Сипас Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи масҷид дар ҳудуди Колонияи ислоҳии рақами 12-и ш.Нижний Тагил, ки калонтарин маҳбасхонаи Россия мебошад,  иштирок ва суханронӣ намуда, бо шаҳрвандони тоҷикистонии ба маросими тантанавӣ  аз ҷумлаи маҳбусони муъмин даъватшуда суҳбати самимӣ дошт. 

Муовини сарвари Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия Денис-ҳазрат Мустафин, раиси Идораи динии(Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск, муфтӣ Абдулқуддус Ашарин, епископи православии Нижний Тагил ва Невянск Феодосий, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  вилояти Свердловск Татьяна Мерзлякова ва муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров низ дар маросими ифтитоҳи масҷид иштироку суханронӣ карданд.

Ёқубҷон Умаровро барои саҳми назаррасаш дар ҷодаи идома ёфтани суннату анъанаҳои эҳсонкорӣ, ҳомигию хайрнамоӣ, ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангии дини мубини  ислом Денис-ҳазрат Мустафин бо Сипосномаи сарвари  Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия, узви Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Россия, муфтии шаҳри Москва Албир-ҳазрат Крганов сарфароз гардонд.

tu-11.jpg

tu-2222.jpg

tu-33.jpg

tu-44.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg