Иштирок дар муаррифии лоиҳаи кампуси сатҳи ҷаҳонии Донишгоҳи федералии Урал дар ш. Екатеринбург

20.07.2022 20:00

Иштирок дар муаррифии лоиҳаи кампуси сатҳи ҷаҳонии Донишгоҳи федералии Урал дар ш. Екатеринбург

20 июли соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар муаррифии лоиҳаи кампуси(шаҳраки донишҷӯёни) сатҳи ҷаҳонии Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти нахустини Россия Борис Елтсин ширкат варзид, дар брифинги матбуотӣ оид ба ҷамъбасти он иштироку суханронӣ намуда, ба он чизе, ки дар ҷараёни ин экскурсияи барои  дипломатҳои маҳаллӣ ташкилкардашуда дидааст, баҳои мусбат дод. 

Дар ин чорабинии рӯнамоӣ мири шаҳри  Екатеринбург Алексей Орлов ва ректори Донишгоҳи федералии Урал Виктор Кокшаров иштирок доштанд.

Дар брифинги матбуотӣ зикр гардид, ки Лоиҳа бар тибқи супориши Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид  ба зарурати бунёди шабакаи шаҳракҳои (кампусҳои) сатҳи ҷаҳонии донишҷӯён дар Россия то соли 2030  мавриди татбиқи амалӣ қарор дорад.

 Унсурҳои инфрасохтори кампуси муосири Донишгоҳи федералии Урал, ки дар ноҳияи Новоколтсовскийи шаҳри Екатеринбург ҷойгир хоҳанд шуд, аз ҷониби гурӯҳи ширкатҳои "Синара" сохта мешаванд.

 Дар шаҳраки донишҷӯён биноҳои нави таълимии донишкадаҳои иқтисод ва менеҷмент, радиоэлектроника ва технологияҳои иттилоотӣ, маркази махсуси таълимию илмӣ, хобгоҳҳо, марказҳои ҷамъиятӣ ва тиббӣ, майдони тамринӣ бо роҳравҳо барои  варзиши сабук низ пайдо хоҳанд шуд.

9991.jpg

9992.jpg

9993.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg