Суханронии видеоии Консули генералӣ дар Конфронси байналмилалии илмию амалӣ
15 июни соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар шакли видеоӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии илмӣ--амалӣ таҳти унвони "Ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикӣ ва ҳампаймонии стратегӣ миёни Тоҷикистону Россия", ки таҳти васояти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи онлайн баргузор гардид, роҷеъ ба ҷанбаи ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар маърӯза кард.
Дар ҷараёни Конфронс ҷанбаҳои умдаю мубрами ҳамкориҳои сиёсию амниятӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию фарҳангии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ ва мубодилаи афкору пешниҳодот қарор дода шуданд.
Дар ин чорабинии соҳибаҳамияти байналмилалии илмию амалӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва муовинаш Парвиз Муҳаммадзода, роҳбарони вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, намояндагони доираҳои илмӣ--тадқиқотии ду кишвар, аз ҷумла Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия(Донишгоҳ), Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, Маҳфили байналмилалии мубоҳисавии "Валдай", иштироку маърӯза карданд.