Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург бо муовини Губернатори вилояти Свердловск Василий Козлов
6 июли соли 2022 дар шаҳри Екатеринбург музокироти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов сурат гирифт.
Ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин музокирот муовини Раиси вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Сулаймонзода низ шомил буд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Свердловскро ба таври мушаххасу касбӣ баррасӣ карданд. Ба мавзӯи ташкили таъминоти минтақаи Урали Миёна бо меваю сабзавоти хушсифату болаззати Тоҷикистон диққати махсус дода шуд.
Василий Козлов дар вохӯрӣ салоҳиятҳои вилояти Свердловскро, ки метавонанд дар рушди саноати Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ба кор гирифта шаванд, муаррифӣ намуда, омодагии возеҳи худро барои роҳандозию густариши ҳамкории фаъоли босамар бо корхонаҳои марбутаи Тоҷикистон изҳор дошт.
Шавкат Бобозода иқтидори содиротии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, аз дастовардҳои соҳаи сохтмон ёдовар шуд ва таассуроти бардоштаи худро аз намоишгоҳи саноатии байналмилалии "Иннопром" ва умуман аз вилояти Свердловск баён намуд, ба густариши ҳамкориҳои судовар бо вилоят изҳори манфиатдорию ҳавасмандӣ кард. Ӯ ҳамчунин пешниҳод намуд, ки ҳамкориҳо дар сатҳи сохтору ташкилотҳои назди Ҳукумати вилояти Свердловск ва Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шаванд.
Акрам Сулаймонзода барои имзои Созишномаи ҳамкории гуногунарса миёни вилоятҳои Хатлон ва Свердловск изҳори омодагӣ намуда, инчунин ҳайати вилояти Свердловскро барои ширкат дар Ҳамоиши иқтисодӣ, ки дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 -- 27 августи соли 2022 баргузор мегардад, даъват кард.
Василий Козлов, дар навбати худ, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иштирок дар Форуми имсолаи байналмилалии сохтмонӣ "100+ TehnoBuild" дар ш.Екатеринбург даъват кард.
Дар мулоқот аз ҷониби дипломатҳои тоҷикистонӣ котиби дуюми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Субҳон Қурбонов иштирок дошт.