Иштирок дар чорабинии идоравӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ
23 июни соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, бо даъвати роҳбарияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе дар чорабинии идоравӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ таҳти унвони "Рушди хизмати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ" иштирок намуд.
Бо ибтикори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 июни соли 2022 бахшида ба Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони директор, ҳайати кормандони Агентӣ, инчунин шунавандагони курси такмили ихтисос ва донишҷӯёни таҳсилоти соли дуюми Академияи идоракунии давлатӣ чорабинии тантанавии идоравӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид.Дар чорабинӣ номзади илмҳои филологӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҷибахон Ҷавҳарӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Руқия Қурбонова ва доктори илмҳои таърих, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода иштирок карданд.
Чорабиниро директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002 санаи 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст.Ҳамасола давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар ин рӯз чорабиниҳои махсус ташкил намуда, аҳамияти хизмати давлатӣ ва саҳми онро дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакаташон арзёбӣ мекунанд.
Зимни суханронии пурмуҳтавояш Ҷумъа Давлатов роҷеъ ба таъсиси хизмати давлатии касбӣ, марҳалаҳои рушди соҳа, ислоҳоти соҳа ва қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ибрози андеша кард.Зикр гардид, ки ташаккули хизмати давлатӣ дар ҷумҳурӣ бо равандҳои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо робитаи зич дорад.
Ба ҳолати 1 апрели соли 2022, дар мақомоти давлатӣ 18559 нафар хизматчии давлатӣ, аз ҷумла дар мақомоти марказӣ 11939 нафар (занон 2874 нафар ё 24,0 фоиз), дар мақомоти маҳаллӣ 3560 нафар (занон 1006 нафар ё 28,2 фоиз) ва дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3060 нафар (занон 562 нафар ё 18,3 фоиз), фаъолият доранд.Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ, дар маҷмӯъ, 4442 нафар ё 23,9 фоизро ташкил дода, аз 5787 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1086 нафар ё 18,7 фоиз занони роҳбар мебошанд.Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8952 нафар (48,2 фоиз) ва дар мансабҳои роҳбарикунанда 1506 нафар (26,0 фоиз)-ро ташкил медиҳад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҷибахон Ҷавҳарӣ вобаста ба «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими соҳаи хизмати давлатӣ» дар маърӯзааш ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки эҳё ва таҳкими соҳаи хизмати давлатӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат пайванд аст. Хизматчиёни давлатӣ васлкунандаи давлат ва ҷомеа мебошанд. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки хизматчии давлатӣ бояд дасту дилу нияти пок дошта бошад.
Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода зимни шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Қатъномаи махсус боиси афзоиши таваҷҷуҳ ба соҳа дар тамоми дунё, аз ҷумла дар кишвари мо, гашт. Хизмати давлатӣ ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ аст. Фаромӯш набояд кард, ки имрӯз аз фаъолият ва рафтору кирдори ҳар як хизматчии давлатӣ симо ва имиҷи давлат вобастааст. Хизматчиёни давлатӣ ҳамчун пуле ба хотири васлкунии давлат ва ҷомеа фаъолият менамоянд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бешубҳа, соҳаи хизмати давлатӣ, низоми тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, ҷавонгардонии хизмати давлатӣ ва ҷалби бештари бонувон ба хизмати давлатӣ таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор доранд.Вазъи мураккаби ҷомеа ҷаҳонӣ тақозои онро дорад, ки ҳар як хизматчии давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои касбӣ, худтакмилдиҳӣ пайваста бояд омӯзиш намояд.
Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Руқия Қурбонова зимни суханронӣ роҷеъ ба сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳа, ҳамзамон ҷалби бештари ҷавонону занон ба соҳаи хизмати давлатӣ ибрози назар кард.Қайд намуд,ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳз хизматчиёни давлатӣ масъулияти асосиро ба зимма доранд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба нақши хизматчиёни давлатӣ дар рушди ҷомеа чунин таъкид доштанд: “Хизматчиёни давлатӣ неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд."
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар суханронияш таъкид дошт,ки ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст. Аз ин рӯ ҷавонон бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошанд. Ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бояд бирасанд ва ононро ҳифз кунанд.Дар воқеъ, ваҳдати миллӣ пояи суботу шукуфоии Ватан аст.
Хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ ҳамчун ниҳоди касбӣ корҳои мушаххасеро анҷом додааст, ки қобили қадрдониянд. Вале рушди ҷомеа, падидаҳои мураккаби ҷаҳони муосир дар назди хизмати давлатӣ ва хизматчии давлатӣ вазифаҳои нав ва пурмасъулиятро гузоштаанд, ки аз иҷрои онҳо рушди устувори ҷомеа, баландшавии сатҳу сифати зиндагии мардум вобастааст.
Дар яке аз ҳидоятҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки савганди ёдкардаи Президенти мамлакат на фақат ба Роҳбари давлат, балки ба ҳар кадоми онҳо низ дахл дорад.Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рисолати худро хуб дарк намудаанд ва дар маҷрои сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан ва халқи Тоҷикистон баҳри пешрафту шукуфоии кишвари азизамон содиқона хизмат хоҳанд кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.