Мулоқот бо роҳбарияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 июни соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, ки айни замон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд.
Дипломати тоҷик ахиран аз китобхонаи шахсиаш ба китобхонаи Агентии номбурда беш аз 3 ҳазор китобҳои мавзӯяшон гуногунро ҳадя кард.
Директори Агентӣ Ҷумъахон Давлатов ва ҳамкоронаш зимни суҳбати дӯстона ба Консули генералӣ барои ин иқдоми некаш изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки китобҳои тақдимшуда як бахши муҳиму арзишманди хазинаи китобхонаи муассисаашонро ташкил хоҳанд дод.
Зафар Сайидзода барои иштирок дар чорабиние, ки дар моҳи июни соли 2022 бахшида ба арсаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, даъват гардид.