Мулоқот бо дипломати белорусӣ

02.06.2022 17:17

Мулоқот бо дипломати белорусӣ

31 майи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари навтаъини шуъбачаи Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Федератсияи Россия дар Ҳавзаи федералии Урал Сергей Чичук мулоқот намуд.

Дар мулоқот узви Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, яке аз роҳбарони пойгоҳи чаҳоруми сабзавоту меваи шаҳри Екатеринбург Хушвахт Бедимоғов фаъолона иштирок дошт.

Зимни суҳбат масъалаҳои  ҳамкориҳои дипломатӣ дар доираи санадҳои марбутаи ҷамоҳири Тоҷикистону Беларус, роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни соҳибкорони Беларус ва соҳибкорону тоҷирони тоҷикистоние, ки  дар шаҳри Екатеринбург кору зиндагӣ мекунанд, дар арсаи мубодилаи молу маҳсулоти  кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Belorus.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg