Суҳбат бо узви Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералӣ
27 майи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо яке аз роҳбарони пойгоҳи чаҳоруми сабзавоту меваи шаҳри Екатеринбург, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералӣ Хушвахт Бедимоғов мулоқот намуд.
Зимни суҳбат мавзӯи марбут ба самтҳо ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Хушвахт Бедимоғов ба ҳайси узви Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералӣ дар соли ҷорӣ оид ба зиёд намудани содироти сабзавоту меваи хушсифати Тоҷикистон ба вилояти Свердловск ва тамоми минтақаи Урали Россия мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки дар доираи сафари кории худ ба Тоҷикистон аз 24 то 26 майи соли 2022--ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар - 2022» дар шаҳри Бохтар--Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Вячеслав Ярин, Вазири комплекси агросаноатӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловск Артём Бахтерев ва дигар аъзои ҳайати вилояти Свердловски Федератсияи Россия аз хоҷагии кооперативӣ--истеҳсолии кишоварзии ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа, ки онро Хушвахт Бедимоғов таъсис додааст, дидан карда, аз он чӣ дар он ҷо диданд ва шуниданд, хеле хушнуду қаноатманд гаштанд.
Маҳсулоти сабзавоту меваи ин хоҷагии муваффақи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии умумии муассиси он Хушвахт Бедимоғов фаъолият мекунад, на танҳо ба бозори дохилии Тоҷикистон, балки ба манотиқи мухталифи Россия, аз ҷумла ба минтақаи Урали Миёна, ворид карда мешавад.
Консули генералӣ Хушвахт Бедимоғовро бо ташрифи бомуваффақияти аъзои ҳайати баландмақоми вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва дигар иштирокчиёну меҳмонони Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар-2022» ба хоҷагии номбурдаи кишоварзиаш дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
