Мулоқот бо намояндаи доираҳои соҳибкории шаҳри Екатеринбург

27.05.2022 11:55

Мулоқот бо намояндаи доираҳои соҳибкории шаҳри Екатеринбург

26 майи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо намояндаи ҷомеаи соҳибкории шаҳри Екатеринбург, собиқ  президенти "Ротари клуб Екатеринбург" Николай Положентсев мулоқот намуд.

Зимни суҳбат дипломати тоҷик ба Николай Положентсев дар бораи ҳолат ва дурнамои тамоми соҳаҳои рушди кишвараш, робитаҳои иқтисодии хориҷиаш ва имконоти он, роҷеъ ба  мақому манзалати  муносибатҳои гуногунҷанба бо Россия дар низоми афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал нақл кард.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳу усулҳои роҳандозӣ ва густариши муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманди байниминтақавии доираҳои соҳибкории ду кишвар дар соҳаи тиҷорату иқтисод дода шуд.

Namoyandai-savdo-dar-Ekaterinburg.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg