Мулоқот бо роҳбари Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Ҷанубӣ академик Андрей Важенин

18.05.2022 18:45

Мулоқот бо роҳбари Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Ҷанубӣ академик Андрей Важенин

 17 майи соли 2022 - дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Челябинск - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--бо даъвати роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Ҷанубӣ--аз ин мактаби олии дар қаламрави Россия ва берун аз марзҳои он шинохта боздид намуда, бо иҷрокунандаи вазифаи ректораш--академики Академияи илмҳои Россия, сарсаратоншиноси  Ҳавзаи федералии Урал Андрей Важенин мулоқот намуд.

 Зимни суҳбат, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, масъалаҳои мубрами роҳандозӣ, рушд ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавию  байнидонишгоҳӣ дар соҳаи маорифи тиббӣ мавриди гуфтугӯю баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин замина академик Андрей Важенин, ҳамчун роҳбари Донишгоҳ, изҳори омодагӣ кард, ки бо муассисаҳои тиббӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ҳамкории барои ҷонибҳо судманд намояд.

Зимнан зикр гардид, ки чанд сол қабл байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Ҷанубӣ созишномаи ҳамкорӣ баста шуда буд, ки барои фаъол гардонидани раванди татбиқи амалии он дар ояндаи наздик бояд «Харитаи роҳ» тасдиқу ба иҷро расонда шавад.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ба таваҷҷуҳи вазирони маориф ва илм ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорони донишгоҳҳои давлатии тиббии Тоҷикистон ва Данғара  пешниҳодҳои асосноку ҷолиби академик Андрей Важенинро дар бораи шаклҳои имконпазири хамкории судманд ҳатман ва оҷилан мерасонад.

Дар ин мулоқот роҳбари ҷамъияти  тоҷикони муқими   вилояти Челябински Федератсияи Россия, намояндаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар минтақаи Урали Россия Исломуддин Раҷабов иштирок дошт.

yuzhno-ural-mai-11.jpg

yuzhno-ural-ma1-222.jpg

yuzhno-ural-mai-333.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg