Иштирок дар Фестивали дӯстии Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал
16 майи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--дар доираи густариши ҳамкориҳои байнифарҳангии Тоҷикистону Россия--дар толори калони Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал – куҳантарин донишгоҳи минтақаи Урал--дар Фестивали дӯстӣ иштироку суханронии шодбошӣ намуд ва--бо хоҳиши ҳозирин--ба забонҳои тоҷикию русӣ аз "Савтҳои форсӣ"-и шоири маъруфи рус Сергей Есенин шеърҳо хонд.
Фестивал, ки
ректори Донишгоҳ Алексей Душин ба он бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид, аз ҷумла бо иштироки донишҷӯён – зодагони Тоҷикистон, ба таври ҷаззобу дурахшон ва пурмазмун баргузор гашта, худро чун яке аз рӯйдодҳои соҳибаҳамияте муаррифӣ намуд, ки заминагузори баргузории чорабиниҳои нави муштарак мебошад.
Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал, ки яке аз донишгоҳҳои пешрафтаи Россия маҳсуб меёбад, маълумоти олии бунёдии муҳандисӣ ва дидгоҳи муосири технологиро, аз ҷумла дар соҳаҳои автоматикунонӣ ва иттилоотонӣ, муттаҳид менамояд.
Ҳоло дар ин Донишгоҳ шаҳрвандони 22 кишвари ҷаҳон аз рӯйи барномаҳои сатҳҳои гуногун – аз омодасозии тодонишгоҳӣ то аспирантура--таҳсил мекунанд.
Донишгоҳи давлатии кӯҳшиносии Урал бо донишгоҳҳои пешрафта федералии россиягӣ ва хориҷӣ робитаҳои хуб дорад. Рӯйхати шарикони хориҷии ин Донишгоҳ 60 донишгоҳи кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аврупо, Осиё, Африқо ва Шарқи Наздикро дар бар мегирад.