Боздид аз Маркази санҷиши донишҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ш.Екатеринбург

16.05.2022 18:40

Боздид аз Маркази санҷиши донишҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ш.Екатеринбург

16 майи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Россия Беҳрӯз Холиқов, дар шаҳри Екатеринбург аз Маркази санҷиши  муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории россиягии марбут ба ширкати маҳаллии «Аксиома» дидан карданд.

Зафар Сайидзода ба кормандони Маркази тестӣ ва ба муҳоҷирони меҳнатии дар он ҷо ҳузурдошта, аз ҷумла ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби мураттабу нашркардаи худ–воситаи таълимиро оид ба таърихи Россия ҳадя кард.

Сипас Консули генералӣ ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанони худ, ки дар Маркази тестӣ қарор доштанд, суҳбати самимӣ анҷом дода, ононро даъват ба он карданд, ки сатҳи  донишҳои худро дар бораи забони русӣ ва таърихи Россия баланд бардоранд, нисбат ба фарҳангу анъанаҳои мардуми бумии Россия арҷу эҳтироми самимӣ гузоранд, қонуну қоидаҳои кишвари иқоматро қатъиян риоя кунанд, аз ҳар гуна гуна аҳзобу гурӯҳҳои  тундрав, ифротгаро ва террористӣ парҳез кунанду худро дур бигиранд,  дар қаламрави Россия ва Тоҷикистон  аз ҷиҳати идеологӣ ба фаъолияти ҷинояткоронаи онҳо муқовимат кунанд, дар ҷомеаи россиягӣ ҳамчун сафирони шоистаи фарҳангии  Ватани худ--ба хотири баланд бардоштани обрӯйи бурунмарзии он--рафтор кунанд, ба густаришу таҳкими фазои ризоияти  байнимиллию байнидинӣ  мусоидат кунанд.

komissiya-zabon-1.jpg

komissiya-2223.jpg

komissiya-zabon-44545.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg