Мулоқот бо Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург
13 майи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов мулоқот намуд.
Дар мулоқот корманди масъули дастгоҳи Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Иванов ширкат дошт.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво баъзе масъалаҳои марбут ба василаву шаклҳои пешбурди кор ҷиҳати ноил шудан ба сатҳи сифатан нав, баландтар ва муассири ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Консулгарии генералии Тоҷикистон бо мақомоти давлатӣ ва дигар шарикони маҳаллии россиягӣ дар ҳудуди чор вилояту ду ҳавзаи мухтори шомили минтақаи масъулияти муассисаи консулӣ мавриди гуфтугӯю баррасӣ қарор дода шуданд.
Зафар Сайидзода ба Александр Харлов барои ҳамкории самарабахши кормандони дастгоҳи Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург бо муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд.