Суҳбат бо фаъоли ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Тюмени Федератсияи Россия
10 майи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо яке аз муовинони роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Тюмен «Пайванд» Ёқубҷон Додоҷонов мулоқот намуд.
Зимни суҳбат баъзе масъалаҳои ҳамкорию ҳамдастии Консулгарии генералӣ ва ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Тюмен мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Диққати асосӣ ба масъалаҳои мусоидат ба мутобиқсозии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба воқеияти россиягӣ, ташаккулу таҳкими муносибати эҳтиромонаи онон ба фарҳангу анъанаҳои мардуми бумии Россия дода шуд.
Консули генералӣ таъкид кард, ки вазифаҳои асосии созмони ҷамъиятии тоҷикони вилояти Тюмен бояд на танҳо дар маҷрои мақоми он ҳамчун як маркази миллӣ-фарҳангӣ, балки бар асоси дарки зарурати пурзӯру беҳтар намудани дастгирӣ, машварат ва маърифати ҳуқуқии ҳамватанони муқими минтақа амалан ҳал карда шаванд.

