Консули генералии Тоҷикистон дар таҷлили иди Зафар дар шаҳри Екатеринбург
Субҳи 9 майи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода дар маросими тантанавӣ -- мотамии "Хотира" дар маҷмааи ёдгории ҳарбии "Широкореченский" дар шаҳри Екатеринбург иштирок намуд.
Ин чорабинӣ ба 77-умин солгарди Ғалаба бар Олмони гитлерӣ дар моҳи майи соли 1945 бахшида шуда буд. Дипломати тоҷик дар назди лавҳаҳои сангин бо сабти номи сарбозони ҳалокшуда гулчанбар гузошт ва хотираи онҳоро бо лаҳзаи сукут пос дошт.Дар маросими ботантанаи поси хотир роҳбарони шаҳри Екатеринбург, вилояти Свердловск, Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрӣ ва минтақавӣ, пешвоёни рӯҳонии созмонҳои гуногуни динӣ, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷие, ки дар қаламрави минтақаи Урал сабтином шудаанд, ва сокинони одии шаҳр ширкат варзиданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода ва дипломатҳои дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ дар суҳбати кӯтоҳ Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашевро шахсан бо иди Зафар сидқан табрик намуданд.
Пас аз анҷоми ин маросими тантанавӣ дар майдони марказии шаҳри Екатеринбург намоиш--гузашти (паради) анъанавии низомӣ бахшида ба иди Зафар баргузор гардид, ки ҷараёни онро Консули генералии Тоҷикистон -- ҳамроҳ бо дигар намояндагони корпуси дипломатии маҳаллӣ -- ҳамчун меҳмони фахрӣ тамошо кард.



