Маърӯзаи  илмӣ-таърихӣ дар дафтари кории ҷамъияти гурҷиёни Урали Миёна «Сакартвело»

08.05.2022 01:08

Маърӯзаи  илмӣ-таърихӣ дар дафтари кории ҷамъияти гурҷиёни Урали Миёна «Сакартвело»

Шоми 5 майи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, бо ҳадафи илмӣ--маърифатӣ, аз дафтари кории созмонҳои  ҷамъиятии минтақавии вилояти Свердловск «Ҷамъияти гурҷиён «Сакартвело»» ва  «Иттиҳоди интернатсионалии диаспораҳои миллӣ», ки дар маркази шаҳри Екатеринбург қарор дорад, бо даъвати роҳбарашон  Нукрӣ Чавлеишвилӣ дидан кард.

Дар дафтари корӣ намояндагони  ҷамъиятҳои миллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дигар сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ, олимон, нависандагон ва журналистон ҷамъ омада буданд.

Бо хоҳишу пешниҳоди Нукрӣ Чавлеишвилӣ--дар арафаи 77-умин солгарди Ғалаба бар Олмони гитлерӣ дар моҳи майи соли 1945--Зафар Сайидзода, ҳамчун олим, доктори илмҳои таърих, ба  ҳозирин дар бораи нақши Сарситоди Сарфармондеҳии олии Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди шӯравӣ ва роҳбари он дар ноилшавӣ ба Ғалабаи бузурги номбурда маърӯзаи яксоата карда, бо такя ба санадҳои таърихӣ ва ёддоштҳои роҳбарони низомӣ, дидгоҳи шахсии илмиашро оид ба ин мавзӯъ муфассал иброз дошт.

 Иштироккунандагони ин нишасти маърифатӣ маърӯзаи илмии Зафар Сайидзодаро бо диқкати том шунида, перомуни мавзӯи он маълумоти зиёди наве барои хеш гирифтанд ва ба маърӯзачӣ изҳори  миннатдорӣ  карданд.

Нукрӣ Чавлеишвилӣ низ ба Зафар Сайидзода сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

gurju-1.jpg

gurju-3.jpg

gurju-4.jpg

gurju-44.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg