Иштирок ва суханронӣ дар маросими рӯнамоии китоб-маҷмӯаи донишҷӯён дар ш.Челябинск
5 майи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--дар шакли видеоконфронстамос--дар маросими рӯнамоии маҷмӯаи асарҳои эҷодии (эссеи) зиёда аз 30 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ ва мактабҳои олии кишварҳои минтақаи Осиё Марказӣ иштироку суханронии шодбошӣ намуд.
Маросими рӯнамоӣ дар яке аз толорҳои Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ бо иштироки ректори он Александр Шестаков, ки суханронии ифтитоҳӣ намуд, баргузор гардид.
Маҷмӯа-китоби номбурда бар тибқи натиҷаҳои ҷамъбастии озмуни иншои эссе дар мавзӯи «Таърихи оилаи ман дар пасманзари таърихи халқам дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» бо иштироки донишҷӯёни россиягӣ ва хориҷӣ тартиб дода ва нашр шудааст.
Ҳадафи озмуни мазкур он буд,ки донишҷӯён ба таърихи кишвар, халқ ва аъзои пиронсол ё марҳуми оилаи худ дар солҳои ҷанг--дар ақибгоҳ ва набардҳои ҳарбӣ--рӯй оварда, мавзӯъҳои навро омӯзанд,аз хешу табори зиндаи собиқадорашон пурсон шаванд, ҷанбаҳои то ҳол номаълуми таърихи қаҳрамононаи гузаштаро кашф кунанд ва онҳоро дар шакли эссе баён намоянд.
Иштирокчиёни маросими челябинскии рӯнамоиро Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов низ аз тариқи видеоконфронстамос табрик намуд.
Барои ғолибони озмун ва муаллифони эссею шеърҳои дар маҷмӯа чопшуда туҳфаҳои хотиравӣ--бо дасти ректори Донишгоҳ Александр Шестаков--ба тақдим расиданд.


