Консули генералии Тоҷикистон дар масҷиди ҷомеи ш. Екатеринбург ҳамватанонашро бо иди Фитр табрик намуд

03.05.2022 13:46

Консули генералии Тоҷикистон дар масҷиди ҷомеи ш.Екатеринбург ҳамватанонашро бо иди Фитр табрик намуд

Субҳи барвақти 2 майи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз масҷиди ҷомеи Идораи  рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск воқеъ дар кӯчаи екатеринбургии ба номи нависанда Бажов дидан кард.

Дипломати тоҷик дар намози идона ба муносибати иди саиди Фитр иштирок намуда, ҳамватанони сершумори худ--ибодатгарони масҷидро сидқан табрик гуфт ва онҳоро даъват ба он кард, ки бо тарзи зиндагӣ ва рафтору кирдори худ сафирони шоистаи фарҳангии Ватани худ дар минтақаи Урали Россия гарданд, дар густариши фарҳанги баланди ахлоқии фарди мусулмон ва зодаи Тоҷикистон намунаи шоиста бошанд, нисбат ба фарҳангу анъанаҳои миллату халқиятҳои бумии  Россия арҷу эҳтироми самимӣ гузоранд, ба таҳкими дӯстию ризоияти байни миллатҳо ва умматҳои гуногуни динӣ дар ҷомеаи муосири россиягӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Раиси Идораи рӯҳонии(Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск, муфтӣ Абдулқуддус Ашарин ба Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов, роҳбарону фаъолони бонуфузи ҷамъиятии диаспораҳои қиргизу доғистонӣ ва чеченӣ низ риштаи сухани табрикиро бо забонҳои модариашон дод.

Қабл аз адои намози идона  Муфтӣ Абдулқуддус Ашарин як гурӯҳи калони  ашхосро  бо медали ҷашнӣ ба ифтихори  1100-солагии қабули дини мубини ислом аз ҷониби мардумони  Булғористони  волгагӣ барои саҳми назаррас дар эҷоди фазои мусоиди зеҳнӣ ва  маънавӣ-психологии пуштибонии мусулмонони вилояти Свердловск дар ҷодаи мустаҳкам намудани ягонагии созандаю ватанпарваронаи ҷамъиятӣ, пешбурди муколамаи хайрхоҳонаю муфиди байнимиллӣ ва байнидинӣ дар минтақаи Урали Миёна қадру сарфароз гардонид.

id-1.jpg

id-12.jpg

888888.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg