Иштирок дар таҷлили нахустини "Рӯзи сайёҳии Урал" дар ш.Екатеринбург

30.04.2022 17:19

Иштирок дар таҷлили нахустини "Рӯзи сайёҳии Урал" дар ш.Екатеринбург

29 апрели соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар таҷлили нахустини «Рӯзи сайёҳии Урал», ки таҳти сарпарастӣ ва бо талошҳои Маъмурияти шаҳри Екатеринбург, бахши Иттифоқи  саноати туристии Россия, Ассотсиатсияи сайёҳии Урал дар гузаргоҳи Невянскийи пойтахти уралӣ баргузор гардид, иштирок намуд.

 Дар маросими таҷлили "Рӯзи сайёҳии Урал"  мири шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов бо сухани шодбошӣ баромад кард. Роҳбарони "Роҳи оҳани вилояти Свердловск", Департаменти рушди сайёҳӣ ва саноати меҳмондории вилояти Свердловск, Иттифоқи саноати сайёҳии Россия, Ассотсиатсияи сайёҳии Урал, дипломатҳо, фаъолони шинохтаи ҷамъиятӣ ва меҳмонони ин чорабинии идона низ суханрониҳои пурмуҳтаво намуданд.

Баъдан--бо иштироки онон—дар «Гузаргоҳи сайёҳӣ»-и таъсисгашта дарахтони себи сурхбарг шинонда шуданд.

Таҷлили «Рӯзи сайёҳии Урал» дар  маҷлисгоҳи Қасри фарҳанги роҳи оҳани  вилояти Свердловск дар шакли маҷлиси тантанавӣ, ки модератори(барандаи) он президенти Ассотсиатсияи сайёҳии Урал, роҳбари шуъбаи  уралии Иттифоқи саноати сайёҳии Россия Михаил Малтсев буд, идомаи хуб ёфт.
 
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода суханронии худро дар ин ҷаласаи тантанавӣ ба мавзӯи марбут ба вазъи имрӯза, вижагиҳои шоиста, имконоти ҷолиб ва дурнамои миёнамуҳлати  рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистони муосир, ки аз ҷониби ҳозирин бо шавқу таваҷҷуҳ пазируфта шуд, бахшида буд.

turizm-0.jpg

turizm-1.jpg

turizm-2.jpg

turizm-45.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg