Суҳбати судбахш бо хамтоён-дипломатҳои озарбойҷонӣ

29.04.2022 12:32

Суҳбати судбахш бо хамтоён-дипломатҳои озарбойҷонӣ

28 апрели соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар дафтари кории худ бо иҷрокунандаи вазифаи Консули генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Екатеринбург Шуҳрат Мустафоев ва Консули Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Екатеринбург Аскар Аскаров мулоқот намуд.

 Зимни суҳбат, ки дар фазои гарму дӯстона сурат гирифт, дипломатҳо аз сатҳи кунунии равобити байнидавлатии Тоҷикистону Озарбойҷон изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ин пасманзар шаклу самтҳои асосии ҳамкории муассисаҳои консулиро дар ояндаи наздик, аз ҷумла дар арсаи мусоидат ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ёрии ҳамдигарии ҷамъиятҳои тоҷикистониву озарбойҷонӣ дар минтақаи Урали Россия ва табодули таҷрибаи кори дипломатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ба хотири мутобиқшавии босуръату босифати иҷтимоию фарҳангии онҳо ба воқеияти россиягӣ, мавриди гуфтугӯву баррасӣ қарор доданд.

ozarboi-111.jpg

oz-44.jpg

oz-22.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg