Иштирок ва суханронӣ дар Ҳамоиши байналмилалии дипломатӣ дар шаҳри Екатеринбург
26 апрели соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар бинои Маркази байналмилалии намоишгоҳии «Екатеринбург-ЭКСПО» дар маросими мутантани ифтитоҳи 12-умин Форуми авруосиёии иқтисодии ҷавонон дар мавзӯи "Россия ва ҷаҳон дар шароити воқеияти нав: тағйирёбии робитаҳои ҷаҳонии хоҷагӣ" дар пойтахти минтақаи Урал ширкат варзид.
Дар маросими ифтитоҳи Форум намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Россия дар Ҳавзаи федералии Урал Владимир Якушев, муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Олег Чемезов ва ректори Донишгоҳи давлатии иктисодии Урал Яков Силин суханронии шодбошӣ карданд.
Дар доираи барномаи 12-умин Форуми авруосиёии иқтисодии ҷавонон 27 апрели соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар маҷлисгоҳи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал дар Ҳамоиши байналмилалии дипломатӣ - бо иштироки иттиҳодияҳои калони ҷамъиятӣ, намояндагони соҳибкорӣ ва мақомоти давлатӣ - ширкат намуда, оид ба вазъ, имконот ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар сатҳи байниминтақавӣ дар марҳалаи кунунӣ маърӯза кард. Суханронии дипломати тоҷикро иштирокдорони Ҳамоиш бо мароқ қабул карданд.
Модератори Ҳамоиши байналмилалии дипломатӣ ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, профессор Яков Силин буд. Дар ин Ҳамоиш муовини вазири равобити байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Берг ширкат дошт.
Аксарияти иштирокдорони Ҳамоишро сафирони кабири кишварҳои хориҷӣ дар Федератсияи Россия ва кормандони дипломатии дар шаҳри Москва сабтиномшуда ташкил доданд.


