Мулоқоти корӣ бо дипломатҳо дар Донишгоҳи федералии Урал
20 апрели соли 2022--бо супориши Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода-котиби дуюми Консулгарӣ Субҳон Қурбонов дар мулоқоти машваратии проректори Донишгоҳи федералии Урал оид ба робитаҳои байналмилалӣ Сергей Тушин бо роҳбарони муассисаҳои консулии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Консули фахрии Муғулистон дар ш.Екатеринбург иштирок намуд.
Сергей Тушин зимни музокирот изҳор намуд, ки довталабони таҳсил дар магистратура ва аспирантура-бар асоси ройгон ва ё шартномавӣ-дар риштаҳои фанҳои дақиқ, технологияҳои муосир, коркарди металлҳо, энергетика, сохтмону меъморӣ метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар сурати ҳамоҳангӣ ҳайатҳои Донишгоҳ омодаанд ҷиҳати муаррифӣ ва вохӯрӣ бо худи доваталабон ба кишварҳои даъваткунанда сафар намоянд.
Дар Донишгоҳи мазкур беш 240 шаҳрванди Тоҷикистон дар риштаҳои гуногун, аз қабили иқтисод, муносибатҳои байналмилалӣ, меъморӣ ва технологияҳои муосир, таҳсил мекунанд. Дар ҷараёни мулоқот бо Сергей Тушин масъалаҳои рушди ҳамкориҳо, аз ҷумла масъалаи ҷудо намудани бурсияҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли нави хониш, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
