Иштирок дар ҷаласаи пленарии Форуми байналмилалии клиникаҳои ҳуқуқӣ дар ш.Екатеринбург

22.04.2022 12:32

Иштирок дар ҷаласаи пленарии Форуми байналмилалии клиникаҳои ҳуқуқӣ дар ш.Екатеринбург

21 апрели соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ҷаласаи пленарии Форуми байналмилалии клиникаҳои ҳуқуқӣ, ки дар маҷлисгоҳи Шӯрои илмии Донишгоҳи  давлатии ҳуқуқи  Урал ба номи В.Ф. Яковлев баргузор гардид, иштироку суханронӣ намуд.

Мавзӯи марказию меҳварии суханрониҳои иштирокчиёни ҷаласаи пленарии Форуми байналмилалӣ пружаи нави шабакавӣ бо номи «Ёрии ҳуқуқии универсалии донишҷӯён» буд.

Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал Владимир Бублик ва ҳамтоёнаш аз як қатор кишварҳо, аз ҷумла ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, Созишномаро оид ба таъсиси пружаи мазкури шабакавӣ ба имзо расониданд.

Дар ҷаласаи пленарӣ намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал Владимир Бублик, консулҳои генералии ҷамоҳири Ӯзбекистону Қирғизистон дар ш.Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов ва Руслан Бийбосунов, ректорони донишгоҳҳо ва роҳбарони марказҳои илмию таълимии чандин кишвар, аз ҷумла ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, суханронӣ карданд.

Дар ҷаласаи пленарӣ ба ҳайси модератор  директори Донишкадаи ҳуқуқ ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал Денис Гаврин барандагӣ 
кард.

Пас аз анҷоми ҷаласаи пленарӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Урал Владимир Бублик зимни суҳбати дӯстонаю созанда ба мувофиқа расиданд, ки дар арсаи таъмини ёрии маҷҷонии (бепули) ҳуқуқӣ ба шаҳрвандону  зодагони Тоҷикистон, ки дар вилояти Свердловск ва дигар вилояту ҳавзаҳои мухтори минтақаи Урали Россия кору зиндагӣ мекунанд, ҳамкории хуберо роҳандозӣ хоҳанд намуд.

huquq-1.jpg

huquq-2.jpg

huquq-3.jpg

huquq-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg