Мулоқоти муфид бо Вазири нави робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия

22.04.2022 12:25

Мулоқоти муфид бо Вазири нави робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия

20 апрели соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо Вазири нави робитаҳои байналмилалӣ ва  хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Ярин мулоқот намуд.

Дар мулокот директори департаменти  робитаҳои байналмилалии Вазорати робитаҳои  байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Лариса Шарф иштирок дошт.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифт, ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои Консулгарии генералӣ ва Вазорат дар соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи хосса ба сатҳу  сифати иҷрои Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ,илмӣ ва фарҳангӣ аз 12 феврали соли 2004, ки асоси ҳуқуқии густариши робитаҳои байниминтақавиро фароҳам овардааст, ҷалб гардид. Дар ин қарина роҷеъ ба имконот, самтҳои асосӣ ва шаклҳои мақбултарини рушди ҳамкории байниминтақавии се вилояти Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо вилояти Свердловски Федератсияи Россия табодули судманди андешаву афкор сурат гирифт. 

Мусоҳибон ба натиҷаҳои мулоқоти онлайнӣ(маҷозӣ) аз таърихи  6 апрели соли 2022-и роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳои Хатлону Суғд, содиркунандагони муваффақи меваю сабзавоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воломақоми  доираҳои давлатӣ ва тиҷоратию соҳибкории вилояти Свердловски Федератсияи Россия оиди  ба минтақаи  Урали Миёна мустақиман интиқол додани меваю сабзавоти аз нигоҳи экологӣ поку  болаззати Тоҷикистон баҳои мусбати баланд доданд.

Зарурати ҳарчӣ зудтар таҳияву тасдиқ шудан ва дар амал татбиқ гардидани «Харитаи роҳ» ба хотири иҷрои воқеии Созишномаи болозикри байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ аз 12 феврали соли 2004  махсус таъкид ёфт.

vaziri-iqtisod-20-aprel.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg