Боздид аз масҷиди калони ҷомеъ дар шаҳри Екатеринбург
Шоми 16 апрели соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Россия Беҳрӯз Холиқов - дар кӯчаи Репин, 42--и екатеринбургӣ--бо даъвати имом--хатиб Сайидалӣ Орифзода Соҳибов аз масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа дидан карданд.
Намояндагони давлатии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ибодатгарони масҷид, ки хеле бештар аз ҳазор нафар буданд, ба муносибати идомаи моҳи шарифи Рамазон - дар ифтор ва намози шом иштирок намуданд.
Сипас ба Консули генералӣ риштаи сухани шодбошӣ дода шуд, ки ӯ онро бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ иброз дошт.
Дипломати тоҷик изҳори сипос ва қаноатмандӣ аз он кард, ки чӣ гуна асли озодии виҷдон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар сатҳи баланди амалӣ татбиқ мешавад ва барои ҳамватанонаш ва ҳамдинони онҳо аз шумули дигар миллатҳо чӣ гуна шароити хубу мусоид барои баровардани ниёзҳои динӣ фароҳам оварда шудааст.
Зафар Сайидзода ибодатгаронро, ки аксарияти онҳо зодагони Тоҷикистон мебошанд, даъват ба он кард, ки--дар баробари риояи панҷ рукни бинои мусулмонӣ--, пеш аз ҳама, сатҳи ахлоқии фарҳанги динии худро ба таври қобили мулоҳиза боло бурда, иҷрои доимии амалҳои нек,мусобиқаи байнифардиро дар мавриди накукорӣ меҳвари тарзи зиндагонии хеш қарор бидиҳанд ва дар арсаи мустаҳкам намудани ризоияти байнимиллию байнидинӣ дар ҷомеаи муосири россиягӣ намунаи хуби ибрат бошанд.