Вохӯрӣ дар Маркази рушди дизайни Урал

13.04.2022 15:42

Вохӯрӣ дар Маркази рушди дизайни Урал

Шоми 10 апрели соли 2022 - дар бинои Маркази рушди дизайни Урал - миёни Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо директори "Ҳафтаи мӯд дар шаҳри Екатеринбург" Надежда Матюхина суҳбати дӯстонаи пурмуҳтаво баргузор гардид.Мусоҳибон масъалаҳои роҳандозии ҳамкорӣ ва табодули сафарҳои ҳайатҳоро миёни хонаҳои мӯд ва марказҳои рушди дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Россияро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Пас аз хатми суҳбат дипломати тоҷик, ҳамчун меҳмони фахрии ин чорабинӣ, дар маросими пӯшидашавии «Ҳафтаи мӯд дар шаҳри Екатеринбург» иштирок намуд.
 
Ин чорабинӣ  маҳсули эҷодии беш аз 50 дизайнер ва брендҳои сершумори маъмули россиягиро, ки  барои калонсолону  кӯдакон либос медӯзанд, ҷамъ овард.

Дар  чаҳорчӯбаи барномаи кории касбӣ ва "фэшн-намоишҳои" муд ҳазорон нафар, аз ҷумла мутахассисини саноати мӯд, намояндагони корпуси дипломатии маҳаллӣ, элитаи соҳибкорӣ, намояндагони Ҳукумати пойтахти уралӣ ва воситаҳои ахбори умум, ширкат варзиданд.  

Аз чорабинӣ, аз рӯйи анъана, намояндагони масъули Вазорати фарҳанги вилояти Свердловск ва шуъбаи фарҳанги Маъмурияти Екатеринбург низ дидан карданд.

 "Ҳафтаи мӯд дар шаҳри Екатеринбург" муҳаррики асосии рушди саноати мӯд дар минтақаи Уралу Сибири Россия мебошад.Ин як чорабинии имиҷӣ дар шаҳри Екатеринбург маҳсуб ёфта, сатҳи баланди маҳорати касбию имконоти фарохи дизайнерҳо ва брендҳои  россиягиро нишон медиҳад.

moda-1.jpg

moda-2.jpg

moda-3.jpg

moda-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg