Ифтору суҳбати самимӣ бо ибодатгарони тоҷик дар масҷиди шаҳри Екатеринбург
Шоми 12 апрели соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода-бо даъвати раиси Идораи рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск муфтӣ Абдулқуддус Ашарин аз масҷиди воқеъ дар кӯчаи Артинская,25-и шаҳри Екатеринбург дидан кард.
Дипломати тоҷик дар намози шом ва ифтор иштирок намуд. Баъд аз он имом-хатиби масҷид, зодаи Тоҷикистон Мирзо Сатторзода (Назаров) суханро ба Консули генералӣ дод.Зафар Сайидзода таваҷҷуҳи ибодатгарон, аз ҷумла ҳамватанонашро, ба нақшу аҳамияти кодекси ахлоқӣ дар ҷаҳони ботинӣ ва тарзи зиндагии диндорон ҷалб сохт. Ӯ диндоронро, дар баробари риояи панҷ рукни бинои мусулмонӣ, ки яке аз онҳо рӯзадорӣ дар моҳи шарифи «Рамазон» аст, даъват кард, ки барои худтанзимсозию камолоти ахлоқӣ талош кунанд ва ба анҷом додани корҳои нек ҳамчун авлавияти умдаи ҳаётӣ саъй намоянд.Дар пасманзари мавзӯи зарурати беҳсозии муносиботи миёни миллатҳо ва динҳо дар ҷомеаи муосири россиягӣ Консули генералӣ таъкид кард, ки исломи мубину асил ҳаргиз бо дигар динҳо мубориза намебарад ва мусулмонон дар симои аҳли масеҳӣ ва яҳудия ворисони дӯстонаи анъанаи иброҳимиро мебинанд, ки ба ҳамон як Худо саҷда мекунанд ва аҳкому васияти ҳазрати Иброҳимро риоя мекунанд.
Ин ва дигар ҷузъҳои таркибии муҳтавои суханронии шодбошии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз ҷониби ибодатгарони масҷид, ки аксари кулли онҳо зодагони Тоҷикистон мебошанд, бо хушнудию рӯҳбаландӣ пазируфта шуданд.