Иштирок дар ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии «Тандурустии Урал-2022» дар шаҳри Екатеринбург

13.04.2022 14:07

Иштирок дар ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии «Тандурустии Урал-2022» дар шаҳри Екатеринбург

12 апрели соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода-дар  толори бинои муҳташами Маркази байналмилалии намоишгоҳии «Екатеринбург-ЭКСПО»-дар маросими ифтитоҳи расмӣ ва ҷараёни шиносоӣ бо гӯшаҳову таҷҳизоти  Намоишгоҳи сеюми байналмилалии махсусгардонидашудаи  "Тандурустии Урал - 2022" иштирок намуд.

Дар маросими ифтитоҳи ин Намоишгоҳ Вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Мурашко, Намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Россия дар ҳавзаи федералии Урал Владимир Якушев, муовини Губернатори вилояти Свердловск Олег Чемезов суханронии шодбошӣ намуданд. Ҳамроҳи онҳо Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов ва муовини Вазири равобити байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии  вилояти Свердловск Людмила Берг дар маросими ифтитоҳ ва шиносоӣ бо бахшҳои мухталифи Намоишгоҳ ширкат доштанд.

Барои иштирок дар фаъолияти Намоишгоҳ намояндагони ташкилотҳои соҳибноми илмӣ, корхонаҳои саноати дорусозӣ, истеҳсолкунандагони таҷҳизоти тиббӣ, муассисаҳои пешбари тиббии россиягӣ, ки аксарияташон ба эҷоду татбиқи амалии технологияҳои муосири пешқадами тиббӣ машғуланд, даъват шуда буданд.

Дар доираи барномаи кории Намоишгоҳ беш аз 40 чорабинӣ дар сатҳи байналмилалӣ, федералӣ ва ҳавзавӣ бо иштироки намояндагони 5 кишвар ва 20 шаҳри Россия, Вазорати тандурустии ин кишвар ва коршиносони байналмилалӣ баргузор шуданд.

med-1.jpg

med-2.jpg

med-3.jpg

med-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg