Вохӯрӣ бо намояндагони телевизиони вилоятии Челябинск дар рӯзи таҷлили санаи ҷашнии байнидавлатӣ
8 апрели соли 2022-дар рӯзи таҷлили 30-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия-Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо намояндагони медиахолдинги «Аввалин вилоятӣ»-и телевизиони Челябинск дар доираи лоиҳаи телевизионии «Рисолати дипломатӣ» Амур Ҳабибуллин, Марина Тимофеева ва Алла Варикова дар шаҳри Челябинск мулоқот намуд.
Зимни ин мулоқоти муфассал масъалаҳои мубрами роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону вилояти Челябински Федератсияи Россия дар соҳаи телевизион ва табодули барномаҳои телевизионӣ мавриди гуфтугӯю баррасӣ қарор гирифта, дар ин пасманзар дипломати тоҷик ба намояндагони телевизиони вилоятии Челябинск--бо дархости онҳо--дар бораи таърих, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди фарҳангу илм, сайёҳӣ ва варзиш дар Тоҷикистони муосир нақл кард.Ин иттилои ҷолиб ва шарҳу эзоҳи Зафар Сайидзода бо таваҷҷуҳи зиёд истиқбол гирифта шуданд.