Мусоҳиба бо мухбири махсуси шабакаи аввали телевизиони вилояти Челябинск

05.04.2022 15:09

Мусоҳиба бо мухбири махсуси шабакаи аввали  телевизиони вилояти   Челябинск

 4 апрели соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо  роҳбари  бахши иқтисодии Медиахолдинги " Первый областной" - и телевизиони вилоятии Челябинск мусоҳиба  доир намуд.

 Дипломати тоҷик дар мусоҳибааш роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти муассисаи консулӣ  дар ду соли ахир сухан ронда, вазъ ва дурнамои наздики ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байниминтақавии Тоҷикистон ва вилояти Челябинскро дар арсаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва  муҳоҷирати меҳнатии муташаккил арзёбӣ намуд.

Зафар Сайидзода қайд кард, ки имконоти васеи ҳамкориҳои иқтисодии байниминтақавӣ бояд тавассути афзоиши ҳузури соҳибкорони вилояти Челябинск дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон, роҳандозию рушди робитаҳои кооператсионии истеҳсолии байниминтақавии мутақобилан судманд ва ба таври назаррас афзоиш додани ҳаҷми содироти меваю сабзавоти хушсифати тоҷик ба вилояти Челябинск ва умуман минтақаи  Урал мавриди истифода қарор дода шаванд.

Зимни мусоҳиба ба мавзӯоти марбут ба талошҳои дипломатии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ҷиҳати роҳандозӣ ва рушди робитаҳои байниминтақавии тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва вилояти Челябинск, баланд бардоштани нақши созандаи  соҳибкорон - зодагони Точикистон ва ҷамъиятҳои миллию фарҳангии тоҷикони муқими  вилояти Челябинск дар ин соҳа ва дар бобати ба таври ҷиддӣ беҳтар шудани кор оиди ба воқеияти россиягӣ  мутобиқсозии ичтимоию фарҳангии муҳоҷирони мехнатии тоҷик, ки ба минтақаи  Урали Чанубй меоянд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

tv-aprel-1.jpg

tv-aprel-2.jpg

tv-aprel-3.jpg

tv-aprel-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg