Суҳбатҳо дар масҷиди Муфтиёти марказии вилояти Свердловск

03.04.2022 18:57

Суҳбатҳо  дар масҷиди Муфтиёти марказии вилояти Свердловск

Шоми 2 апрели соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода - ба муносибати анҷоми рӯзи аввали моҳи шарифи "Рамазон" - аз масҷиди Идораи рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск воқеъ дар кӯчаи П.Бажови пойтахти уралӣ дидан намуд. 

Дипломати тоҷик - бо даъвати раиси Идораи  рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск, муфтӣ Абдулқуддус - дар ифтор, намозҳои шому хуфтан ширкат варзида,  дар назди аҳли масҷид, ки аксарияташон зодагони Тоҷикистон мебошанд, бо забонҳои тоҷикию русӣ суханронии табрикӣ кард.

Зафар Сайидзода зимни суханронии худ дар назди ибодатгарон оид ба ҷанбаҳои  ахлоқии рӯзадорӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки панҷ рукни бинои мусулмонӣ, аз ҷумла рӯзаю моҳи шарифи "Рамазон", дар маҷмӯъ фарҳанги исломӣ бояд ба афзоиши назарраси накукории аъзои уммати исломӣ боис гарданд, ба таҳкими ҷавҳару меҳвари  маънавии диндорон, инчунин ба беҳсозии муносиботи байни миллатҳо ва созмонҳои гуногуни динӣ дар ҷомеаи муосири россиягӣ мусоидат кунанд.

masjid-aprel-2022-1.jpg

masjid-aprel-2022-2.jpg

masjid-aprel-2022-3.jpg

masjid-aprel-2022-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg