Боздид аз намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ЛЕТО - 2022» дар шаҳри Екатеринбург

02.04.2022 18:50

Боздид аз намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ЛЕТО - 2022» дар шаҳри Екатеринбург

1 апрели соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз  намоишгоҳи калони байналмилалии сайёҳии «ЛЕТО-2022» дар пойтахти уралӣ ҳамчун иштирокчии фахрии он дидан намуд.

 Ин намоишгоҳ ҳамчун бузургтарин намоишгоҳи сайёҳии минтақавӣ дар Россия эътироф шуда, ҳамасола дар он беш аз 200 намоишдеҳ ширкат варзида, беш аз 6 ҳазор нафар тамошобин ҳузур доранд.

Дипломати тоҷик аз ин майдони намоишгоҳӣ барои роҳандозии робитаҳои муфиди корӣ дар калонтарин ҳавзаи федералии Россия фаъолона истифода кард.Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, бо сарвари(раиси) шаҳри Перм Алексей Дёмкин ва ҳамкоронаш  роҷеъ ба масъалаҳои умдатарини марбут ба роҳандозию рушди робитаҳои ҳамкории судманд миёни шаҳри Перм ва пойтахту дигар шаҳрҳои калони Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд анҷом дод.Зафар Сайидзода дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ Алексей Дёминро бо имконоту самтҳои нави фаъолияти соҳаи сайёҳии Тоҷикистони муосир, маҳсулоту хизматрасонӣ ва иншооти фароғативу табобатии он шинос намуд.

turist-1-aprel-2022.jpg

turist-2-aprel-2022.jpg

turist-aprel-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg