Мулоқот бо муовини Вазири нафти Эрон

07.05.2021 03:23

5 майи 2021 дар Теҳрон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон Амирҳусайни Замониниё баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавиро дар чаҳорчӯби омодагӣ ба ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ, ки қарор аст дар нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

IMG-20210505-WA0013.jpg

IMG-20210505-WA0014.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg