Мулоқоти муовинони якуми вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон

26.02.2021 01:23

26 феврали 2021 мулоқоти маҷозии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев баргузор гардид. 

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуда, роҷеъ ба мушорикати ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона сурат гирифт.

IMG-1657-Uz-26-02-21-11-20.jpg

Meeting-26-02-2021-11-37.jpg

Нигористон

Тақвим