Машваратҳои маҷозии байнипарлумонӣ

26.02.2021 00:02

25 феврали 2021 нахустин машваратҳои байнипарлумонӣ дар шакли маҷозӣ миёни Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии федеролии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ доир гардид. 

Дар мулоқот масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, василаҳои тавсеаи муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва башардӯстона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим