Вохӯрии Сафир дар Вазорати корҳои хориҷии Миср

15.01.2021 02:49

14 январи 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Миср дар умури кишварҳои Осиё Ториқ Ал-Васимӣ вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот масоили таҳким ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба табодули сафарҳо ва роҳандозии робитаҳои наздик ва самарабахши ҳамкорӣ зоҳир гардид.

Нигористон

Тақвим