21 майи 2020 суҳбати видеоии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини парлумонии Котиби давлатии Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Венди Мортон баргузор гардид.
Дар суҳбат масъалаҳои мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19, мусоидати Британияи Кабир дар бартараф кардани паёмадҳои он ва масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.