Гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон

06.05.2020 08:12

6 майи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраҳманям Ҷайшанкар гуфтугӯи телефонӣ намуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Мусоҳибон зимни арзёбии ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва тиб, бар аҳаммияти идомаи ҳамёрӣ ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пирӯзӣ бар ҳамагирии Ковид-19 таъкид карданд.

Telefonnaya-beseda-s-Ministrom-Indii-06-05-2020-1712.jpg

Нигористон

Тақвим