Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА

23.09.2019 08:29

22 сентябри 2019 дар Ню-Йорк мулоқоти вазирони корҳои хориҷии сиғаи С5+1 дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ бо ҳузури Котиби давлатии ИМА бургузор гардид. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба фаъолтар намудани робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, таъмини амнияти сарҳадӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазирони корҳои хориҷӣ инчунин дар атрофи мавзӯи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, бахусус бо таваҷҷуҳ ба бозгашти ҷангиёни хориҷӣ аз минтақаҳои ноором мубодилаи афкор намуданд.

48775437743-9c4e6e84aa-o-23-09-2019-1029.jpg

 

Нигористон

Тақвим